Зимни чорабинии мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Мисри Араб самтҳои сайёҳии кишварро бо шумули сайёҳии экологӣ, сайругаштӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию лижаронӣ, шикор ва ислоҳоту дастовардҳо дар ин самт муаррифӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пайдо намудан ва азхудкунии хатсайрҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷумҳурии Мисри Араб, омӯзиш ва мубодилаи иттилооту таҷриба миёни ин ду кишвар дар самти сайёҳӣ мебошад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суханронии хеш перомуни имтиёзҳои андозию гумрукӣ ёдрас шуда, қайд намуданд, ки роҳи осону соддакардашудаи ба даст овардани раводиди электронӣ ба сайёҳон имкон медиҳад, то бе мамониат ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Чун 93 фисади замини Тоҷикистон кӯҳсор аст, ин беҳтарин имконро ҷиҳати рушди сайёҳии шикор, экологию табобатӣ ва куҳнавардӣ фароҳам меорад.
Дар доираи ҳамоиши мазкур ба имкониятҳои кушода шудани хатсайри ҳавопаймоии Шармал шейх-Душанбе-Шармал шейх низ таваҷҷуҳ карда шуд. Қайд гардид, ки ин самти парвоз барои ташрифи бе мамонеаи сокинони Мисри Араб ба Тоҷикистон шароит фароҳам оварда, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ роҳандозӣ мегардад.
Роҳбари ширкати сайёҳии “Тревел Дейс Компани”-и Ҷумҳурии Мисри Араб, Муҳаммад Немр аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуда, ба имконияту захираҳои сайёҳии мамлакат баҳои баланд дод. Қайд гардид, ки имконияту захираҳо ҷиҳати мубодилаи сайёҳон байни ду кишвар ва ҷалби бештари сайёҳони Ҷумҳурии Мисри Араб зиёд буда, дар ин самт гузаронидани форумҳои якҷояи ширкатҳои сайёҳӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.