Масъалаҳои марбут ба оила аз мавзуҳои мубрамест, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалиро ба худ ҷалб намудааст. Мақсади ҷамъ омадани мо дар арафаи Рӯзи оила низ ба хотири таҳлилу баррасӣ, бохабар шудан аз мушкилу дастовардҳои имрӯзи муҳимтари ячейкаи ҷомеа - оила аст.
Дар рафти кори мизи гирд, Қурбонзода Ҳилолбӣ, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳури Тоҷикистон, баромад намуда, қайд кард, ки солҳои охир фарҳангу одоби хонаводагӣ коста мешавад. Вакили Парлумон дар зимн аз супоридани волидон ба хона-интернатҳо, ки ин рафтор ба фарҳанги миллати тоҷик бегона аст, бо таассуф ҳарф зад.