Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2018 шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 54,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар рафти ҳамоиш маърӯзаҳои намояндагони сохтори гуногуни кишвар оид ба мушкилоти вобаста ба сайёҳӣ ба мавзеъҳои обии ҷумҳурӣ шунида шуд, ки баъзе нуктаҳои ҷолиб ва пешниҳодоти аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд, бахусус, дар мавриди омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ва сафарбар кардани сайёҳон ба чунин мавзеъҳои тамошобоб.
Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои матраҳгашта ва ҷанбаъҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.