Ҳадафи умумии барнома баланд бардоштани самаранокӣ ҳангоми идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ тавассути ҷорӣ кардани усулҳои пешрафтаи «Идоракунии маҷмӯии сарҳадот», мусоидат кардан ба ҳукуматҳо дар рушд ва ислоҳоти идоракунии давлатии муҳоҷират, мусоидат кардан ба тағйирпазирӣ ва савдо, васеъ кардани имкониятҳои идораҳои сарҳадӣ ва муҳоҷират ва ба ин тартиб мусоидат намудан ба таъмини бехатарӣ ва рушди иқтисодӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.
Барномаи ВОМСА аз соли 2003 таъсис ёфта, тайи 15 сол аст, ки зина ба зина лоиҳаҳояшро амалӣ менамояд. Марҳалаи 9-уми Барнома аз 15-уми июни соли 2015 оғоз гардида, 36 моҳро дар бар мегирад.