Тибқи маълумотҳо солона беш аз 1 миллион нафар занон дар дунё ба СҒС (саратони ғадуди сина) мубтало мешаванд. Ҳамчунин, коршиносони соҳа омилҳои хатарноки гирифтор шудан ба бемории саратони ғадуди синаро дар ҳайзбинии бармаҳал, илтиҳоби ғадуди сина, бемориҳои музмини гинекологӣ, исқоти ҳамл, бемориҳои ғадудҳои даруна (ҷоғар, диабети қанд, фарбеҳӣ), қатъи бармаҳали синамакконии кӯдак, таккони асаб (стресс), истеъмоли барзиёди хӯрокҳои серравған, кашидани тамоку ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ арзёбӣ мекунанд.
- Дар зери пӯсти ғадуди сина пайдо шудани гиреҳҳои сахт, маҳкам шудани роҳҳои лимфорав ва пайдоиши гиреҳҳои лимфавии зери бағал, дигаргунӣ дар рӯи пӯсти ғадуди сина (намуди пӯсти лимӯ), кашиши пӯст ва варами сина, пайдоиши захм, кафидани омос аз нишонаҳои бемории СҒС мебошад, - гуфт Фарида Худойдодова, табиби саратоншинос.
Қутбия