Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки мансуб ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» буда, ҳадафи тадқиқоте, ки Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» анҷом додааст, муайянсозии афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар арзёбӣ гардид.
Тавре дар боло зикр кардем, дар раддабандии маҷаллаҳо, «Бонувони Тоҷикистон» дар ҷои аввал қарор гирифта, мувофиқи нишондиҳандаҳои умумии иҷтимоӣ-демографӣ дар вақти пурсиш 44,9 фоиз пурсидашудаҳо иқрор шудаанд, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро мутолиа менамоянд.
Бояд қайд кард, ки тадқиқоти мазкур миёни аҳолии вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, навоҳии тобеи ҷумҳур ва шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар он 2206 нафар ширкат варзидаанд.