Дар намоиши мазкур зиёда аз 60 адад асарҳои мусаввирии занони тоҷик ба марази тамошо гузошта шуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар намоиш асарҳои Н.Ҳамидова - «Марвориди шарқ», Р.Раҷабова - «Натюрморт», М.Улҷабоева - «Тирамоҳ», З.Давлатшоева - «Манзара», М. Носирова, санъати батик - «Тобистон», С.Ҳоҷаева - «Баҳор», Б.Камолова - «Тӯй», У.Мардихудоева - «Натюрморт» Л.Қурбонова - «Тирамоҳ», С. Боронова - «Рақс» В.Карнаухова - «Хушбахтии модар», Ф.Ҳамитова - «Дугонаҳо» ва дигарон гирд оварда шуда буданд.
Чорабинӣ бо иштироки ҳаводорони зиёд доир гардид ва бори дигар бо эҷодиёти худ бонувони рассом собит намуданд, ки эҳсоси ғояҳои змонавиро фаъолона ҷустуҷӯ менамоянд. Яъне барои амиқтар дарк намудани моҳияти ҷараёнҳои ҳастӣ ва мазмуни он саъю кӯшиш менамоянд.
Ҷанбаи дигари ин намош дар он зоҳир гардид, ки коллективи фаъоли занони мусаввири тоҷик аз ҳама минтақаҳои кишвар ҷамъ омаданд, қисми зиёдашон узви Иттифоқи рассмони Тоҷикиситон ва омӯзгорони ин ришта буданд.