- Ба хотири ба касбу кор фаро гирифтани занону духтарони хонашини маҳаллӣ дар шаҳри Ҳисор дар маҷмӯъ 30 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 16 адад дӯкони адрасбофӣ н дода шуд. Ҳоло 342 нафар дар назди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, 80 нафар дар коллеҷи омӯзгорӣ ва 8 нафар дар литсеи касбӣ техникӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили адрасбофӣ ва қолинбофиро омӯхта истодаанд. Ҷиҳати тиҷорати бонувон ва пешбурди кор дар соҳаи кишоварзӣ филлиалҳои бонкҳо ба маблағи 29 миллиону 746 ҳазору 332 сомонӣ барои бонувон қарз додаанд, - гуфт Раиси шаҳри Ҳисор Шариф Ҷумъазода.
Қайд гардид, ки Комбинати «Шири Ҳисор» ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки корхонадар як шабонарӯз наздики 25 тонна истеҳсол ва аҳолии шаҳру берун аз онро бо маҳсулоти ширии хушсифат ва аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин хоҳад кард.