Мавсуф қайд кард, ки барои дастгирии соҳибкорони ватанӣ тағйироту иловаҳо ба Кодекси андоз ва Гумрук пешниҳод шудааст, ки дар ҳоли баррасист. Мувофиқи ин тағйирот як қатор сабукиҳо ба соҳаҳои парандапарварӣ, дорусозӣ, омода намудани либосҳои мактабӣ дода мешавад.
Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунандаи кумита соли гузашта 2,59 миллиард сомониро ташкил додааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 360 корхонаю ташкилот бо сармоягузориҳои хориҷӣ фаъолият намуданд. Зикр гардид, ки таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ ба соҳоти қаъри замин ва энергетика бештар аст.