Инчунин иброз гардид, ки соли 2018 боз се корхонаи нави истихроҷи тилло ба фаъолият оғоз мекунад.
- Корҳои кофтуковӣ дар конҳои калонтарини истихроҷи тилло “Дуоба” ва “Кумархи боло” ба анҷом расида, барои истихроҷи тилло иҷозатнома дода шуд, кор бояд шуруъ шавад, - гуфт Бобозода.
Қайд гардид, ки конҳои нав дар минтақаҳои кӯҳӣ дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр ҷойгир шуда, шароити кор то андозае душворӣ дорад. Фаъолият муштарак бо шарикони хориҷӣ бо технологияи пешрафта ба роҳ монда мешавад.