- Сол то сол қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ боло рафта истодааст. Аммо мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин раванд дар ҳудуди муайян нигаҳ дошта шавад ва имсол қурби 1 доллари ИМА то ба 9 сомонӣ хоҳад расид,-гуфт Ҷ.Нурмуҳаммадзода.
Бино ба иттилои Бонки Миллӣ дар соли 2017 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, 12,4 фоиз боло рафтааст.