Ин нуктаро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул, имрӯз дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.
- Дар натиҷаи гуфтугӯҳо бо ҷониби Русия, зиёда аз 120 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳуриамон, ки аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд, тавонистанд дубора ба он ҷо сафар намоянд. Дар ҳоли ҳозир наздики 180 ҳазор нафари дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия ва кор дар он ҷо маҳрум мебошанд,- иброз дошт С.Тағойзода.