- Норасоии омӯзгорон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва вилояти Хатлон бештар мушоҳида мешавад. Асосан камии мутахассисони фанҳои забони русӣ, англисӣ, математика, химия, физика, забон ва ададбиёти тоҷик, технология, биология, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва ғайра дар муассисаҳои таълимӣ мушкили рӯз гардидаанд, ки ин муваққатист, - гуфт вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Нуриддин Саид.
Сабаби асосии бартараф нагардидани эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгориро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, вазир пеш аз ҳама ба пешниҳоди нодурусти дархостҳои мақомоти соҳавии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои дахлдор ба ихтисосҳо рабт дода, қайд кард, ки дар наздиктарин фурсат бо омода шудани омӯзгорони фанҳои мавриди назар ин камбудии соҳа рафъ хоҳад гашт.