Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 768 нафар шаҳрванд протоколҳои қонуншиканӣ дар самти вайрон намудани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон” тартиб дода шуда, онҳо мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтанд.
- Миёни вайронкунандагони қонуни танзим 13 нафар хизматчии давлатӣ, 30 нафар соҳибкор, 6 нафар табиб, 1 нафар эмомхатиб ба қайд гирифта шудаанд, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Ҳамчунин, мавсуф ёдовар шуд, ки аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 23 862 рейдҳои санҷишӣ гузаронида шудааст.