Роҳбарияти «Амонатбонк» нисбат ба ҷалби кадрҳои масъулиятноку баландихтисос, махсусан аз ҳисоби занон ва ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дорад. Айни замон дар бонк 987 нафар занон фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 2016 - 64 нафар зиёд мебошад. Дар соҳа 39 фоизи шумори умумии кормандони соҳибтахассусро занон ташкил медиҳанд ва аз ин рақам 23 нафар дар сатҳи роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишвар рӯйхати духтаронеро, ки тибқи квотаҳои президентӣ аз рӯи ихтисосҳои «молия ва қарз», «фаъолияти бонкӣ», «технологияи иттилоотӣ», «муносибатҳои иқтисодӣ» ва «баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» таҳсил доранд, тартиб дода шуда, эшон тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои холӣ даъват ва бо кор таъмин хоҳанд шуд.