- Теъдоди парвандаҳои оилавӣ, ки ба мо ирсол шудаанд, дар соли 2017 - 43 832 ададро ташкил медиҳад. Ҳоло бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад, аммо бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи ҶТ аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ бояд сурат бигирад, то дар сурати бекор шудани ақди никоҳ кӯдакон бесарпаноҳу занҳо сарсон нашаванд, - қайд кард Ш.Шоҳиён.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо вайрон шудани оилаҳо дар бештари маврид кӯдакон дар тобеияти модар қарор гирифта, бе сарпаноҳ мемонанд. Падарон бо баҳонаи надоштани ҷои кор ё дар муҳоҷират будан аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд.