Инчунин Ҳакимзода иброз намуд ки, аз ин миқдор 6154 га бо сабабҳои бад будани ҳолати меллиоративии заминҳо ва 4389 га бо сабабҳои кори ғайри қаноатбахши хоҷагидорӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
- Дар ҷумҳурӣ майдони 23598 гектар заминҳои партови обӣ мавҷуданд, ки онҳо низ бинобар сабабҳои нарасидани об барои обёрӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар давраҳои муайян ба намуди заминҳои партов гузаронида шудаанд. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ майдони 53929 гектар заминҳои обӣ бинобар ҳар гуна сабабҳои нарасидани об ва ҳолати бади меллиоративӣ дар истифода қарор надоранд, ё ҳамчун замини корами лалмӣ истифода бурда мешаванд, - илова намуд Ҳакимзода.
Бино ба гуфтаи раиси Кумита, дар натиҷаи андешидани чораҳо дар соли 2017 дар майдони умумии 1707 га заминҳои партов, аз он 1651 гектар обӣ, кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, майдони заминҳои аз гардиши берунмонда нисбат ба соли гузашта майдони 2287 га, аз он 1424 га обӣ кам шудааст.