- Аз ҷумла, давлати Ҷопон донишкадаро бо 3 нафар омӯзгори забони ҷопонӣ таъмин намуд, ки онҳо маошро на аз донишкада, балкӣ аз ҷониби давлати Ҷопон мегиранд, - гуфт М. Раҷабзода.
Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон қайд кард, ки 51 нафар донишҷӯёни донишкада дар давлатҳои хориҷ ва 100 нафар донишҷӯён аз мамлакатҳои хориҷ, дар ДДЗТ таҳсил менамоянд. Дар соли 2017 - 47 нафар донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ шомили донишкадаи мазкур шудаанд.