Ба иттилои директори КВД «Тоҷикагролизинг», соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 20 адад комбайнҳои ғалладаравии тамғаи «Нива- Эффект», 165 адад тракторҳои гуногунтамғаи МТЗ ба корхона ворид карда шуданд. Инчунин дар асоси шартномаи тарафайн байни КВДҶ «Тоҷкагролизинг» ва ширкати «Агралис»-и Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори навъи «Класс-Тигер» барои ҷамъоварии шолӣ ва аз Ҷумҳурии Чин 8 адад тракторҳои тасмачархи белдор ба ҷумҳурӣ ворид ва пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонида шуданд.
Қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ба Агентии ҷопонии ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҷудо намудани 10 миллион доллари америкоӣ ҷиҳати харидории техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба хотири таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳа пешниҳод карда шудааст.