- Зимни санҷишҳо маълум гардид, ки маҳсулоти истеҳсоли ватании худамон баландсифат аст, вале бо сабабҳои номаълум харидорон бештар аз маҳсулоти хориҷӣ харидорӣ мекунанд. Мо тамоми маҳсулоти пастсифатро аз фурӯшгоҳҳо барканор карда, кӯшиш менамоем, ҷои маҳсулоти воридотии бесифатро молҳои ватанӣ бигиранд- гуфт Қ. Давлатзода.
Ҳамчунин, директори Агентии Тоҷикстандарт таъкид кард, ки ҳар танқиди шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Қ.Давлатзода аз сокинон даъват ба амал овард, ки ҳангоми ошкор шудани маҳсулоти пастсифат ба телефони 988- 50 -22 -22 занг зада, кормандони Тоҷикстандартро огоҳ намоянд.