- Тибқи муқаррароти мазкур аз ин пас табибон сару либоси сафед ва ҳамшираву кормандони шафқат хилъати кабуд бояд ба бар намоянд. Барои фаррошон ва кормандони бахши хоҷагидории беморхонаву дармонгоҳ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ бошад, сару либоси дигар муқаррар гардидааст.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, риояи тартибу интизоми сарулибоспӯшии кормандони соҳаи тибб аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мисли Олмон гирифта шудааст, то ин ки шаҳрвандон ва ҳам меҳмонони хориҷӣ ҳангоми вуруд ба дармонгоҳу беморхонаҳо ба масъули кадом сатҳи соҳаи тибб муроҷиат карданро донанд.
- Муқаррароти мазкур танҳо барои муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ нигаронида шуда, барои коргару хизматчиёни дорухонаҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии тиббӣ дахл надорад, - гуфт Матлуба Шоҳназарова, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон имрӯз дар қаламрави вилоят 1559 муассиаи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 16 158 нафар мутахассисони сатҳи гуногун фаъолият доранд.