- Дар сохтори Хадамоти гумрук аз моҳи ноябри соли 2016, Раёсати амнияти дохилӣ ташкил шудааст, ки мувофиқи санҷиши раёсат нисбат ба 17 нафар кормандони гумрук ҷазои интизомӣ татбиқ шудааст, 8 корманд пурра аз кор озод шудаанд», - иброз дошт Турсунзода Азим.
Номбурда қайд кард, ки дар соли 2017 аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук 1299 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 71,5 млн сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян гардидааст. Вобаста ба қонунвайронкуниҳо 33 парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, 146 ҳазору 770 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар сохтори Хадамоти гумруки Тоҷикистон 108 нафар занон фаъолият менамоянд, ки аз ин шумор 10 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.