Аз рӯи маълумот теъдоди донишҷӯёне, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд, дар соли хониши 2017-2018 ба 5225 нафар расидааст, ки аз ин шумор 1153 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар доираи барномаи табодул ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар имсол дар дар маҷмуъ 32 нафар барои идомаи таҳсил ба давлатҳои дигар сафар кардаанд.
Қ.Толибов дар хусуси озмуни донишгоҳии «Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат» ҳарф зада, қайд кард, ки ду нафар духтарон Шарофзода Зебо ва Шаҳло Тӯраева дар он ғолиб дониста шуданд.