Дар ин бора имрӯз Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Дар мавриди шикоятҳои сокинон вобаста ба шиканҷа дахл карда Ю.Раҳмон қайд кард, ки дар соли 2017- 20 муроҷиат вобаста ба мавзуи шиканҷа ба дасташ расидааст, ки дар натиҷаи санҷишу баррасӣ 2 ҳолати ҷой доштани шиканҷа исботи худро ёфтааст.
Аз рӯи оморҳои пешниҳодшуда, дар соли 2017 аз тарафи ноболиғон 669 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар арзёбӣ мешавад.