Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода дар суҳбат бо рӯзноманигорон қайд кард, ки «Бори аввал дар таърихи донишгоҳи мазкур Веб-Симпозиум гузаронида шуд, ки дар он олимон, морфологон ва физиологони ватаниву хориҷӣ тавассути шабакаи Интернет тариқи онлайн бо ҳам суҳбат карда, аз дастовард ва проблемаҳои якдигар бохабар гардиданд».
Дар зимн ректори донишгоҳ ёдовар шуд, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон 5 факултет, 63-кафедра амал мекунанд ва гуфта шуд, ки дар баробари шаҳрвандони кишвар, намояндагони 13 давлати дунё дар донишгоҳи мазкур таҳсили илм менамоянд.