Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки муассисаҳои тандурустии кишвар як ҳолати фавтро низ дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз маводи нашъадор ба қайд гирифтаанд.
- Дар соли 2016 бошад 7 ҳолати фавт аз нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст,-иброз дошт номбурда.
Тибқи иттилои ин ниҳод, шумораи умумии беморони дар қайди нашъамандӣ буда дар вилояти Суғд 1 ҳазору 123 нафар ё 16,2 фоиз, вилояти Хатлон 1 ҳазору 280 нафар ё 18,4 фоиз, ВМКБ 799 нафар ё 11,5 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 ҳазору 189 нафар ё 17, 1 фоиз ва ба шаҳри Душанбе 2 ҳазору 556 нафар ё 36, 8 фоиз рост меояд.