Ин нуктаро Ҷумъа Давлатзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Мувоффиқи таҳлилҳои оморӣ, то 1-уми январи соли 2018 теъдоди хизматчиёни давлатӣ 19 ҳазору 382 нафарро ташкил додаанд. Аз ин миқдор 4 ҳазору 467 нафарашон зан ва 8 ҳазору 962 нафар теъдоди ҷавонони то 35-сола мебошанд.
Зимни нишаст директори Агентии хизмати давлатӣ аз дағаливу бадгуфтории бархе аз хизматчиёни давлатӣ изҳори норизогӣ карда гуфт: «Шикоятҳо дар хусуси дағаливу муомилаи бади мансабдорони давлатӣ зиёд шуда истодааст. Ман аз рӯзноманигорон хоҳиш мекунам, ки дар ин самт ҳамкориро бо мо ба роҳ монанд. Дар сурати огоҳ шудан, мо ҳатман чораҷӯӣ мекунем».