Шартҳои асосии озмун маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир ҳисобида мешуд.
Дар озмуни мазкур китоби «Афсонаи товус»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева чун китоби беҳтарини бачагона ғолиб дониста шуд.
Гулчеҳра Муҳаммадиева бо эҷоди асарҳои пандомӯзу андешапарвари худ миёни хонандагон махсусан бачаҳо маҳбубияти зиёде дорад ва хонанда ҳар як асари тозаэҷодашро бо шавқу рағбати бендоза мутолиа менамояд.