Дар ноҳияи Ёвон корхонаи коркарди криолит, фтор ва кислотаи сулфат ба истифода дода шуд, ки дар он зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷойи кор шудааст.
Мактаби нави президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард.
Корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахта ва шолӣ бо иқтидори солонаи 5 ҳазор тонна маҳсулот ба истифода дода шуд. Дар коргоҳ 120 нафар бо кор таъмин гашт.
Пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ба шакли зебою муосир азнавсозӣ шуд.
Бахшида ба яке аз ҳадафҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар шаҳраки Файзобод гӯшаи «Истиқлолияти энергетикӣ» сохта шуд.
Тақдими калиди хона ба нахустин истиқоматкунандагони бинои нуҳошёна иборат аз 189 манзилҳои истиқоматии як ва ду ҳуҷрадор дар шаҳри Хоруғи ВМКБ.
Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба истифода дода шуд.