Тавре сардори сехи дузандагӣ Рамазон Акобиров иттилоъ дод дар коргоҳи мазкур 20 нафар занону бонувони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Маоши коргарон тибқи шартнома аз рӯи ҳаҷми кори иҷрогардида ба роҳ монда шудааст. «Ба ҳисоби миёна ҳар моҳ духтарони мо то 1000 сомонӣ маош мегиранд», – мегӯяд устои калони коргоҳ Шарофат Сайфиддинова.
- Дар 61 мактабу литсеи ноҳияи Лахш қариб 13 ҳазор кӯдакону наврасон таҳсил мекунанд ва бунёди сехи мазкур барои бо сару либоси мактабӣ таъмин намудани онҳо мусоидат хоҳад кард. Инчунин барои кормандони соҳаи тиб ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳия дар сехи мазкур либосҳои махсус дӯхта шуд. Дар баробари ин, Беморхонаи марказии ноҳия пурра ва қисме аз беморхонаҳои минтақавӣ аз маҳсулоти омода намудаи коргоҳи мазкур бо рахти хоб таъмин гардиданд, – арз намуд зимни сӯҳбат муовини раиси ноҳия Баргигул Аббосова.
- Дар оянда ният дорем бо ҷалби бештари занони хонашин шумораи коргаронро зиёд намуда, ба дӯхтани кӯрпаву кӯрпачаву бистар, сару либоси низомӣ барои афсарону сарбозони қисмҳои низомии ноҳия, фармоишҳоро зиёд намоем – илова намуд дар охири сӯҳбат Рамазон Акобиров.