Соли 2014 гардиши интиқоли пулии муҳоҷирон 436 миллиард долларро ташкил дод, ки он барои мамлакатҳои хурд манбаи даромади асъори хориҷӣ ва барои давлатҳои бузург ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи озуқаи миллӣ мусоидат намуд.
Омӯзиш ва сатҳи афзоиши зиёди шумораи муҳоҷирон дар тамоми дунёро ба инобаи гирифта, 4 декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералӣ 18 декабрро рӯзи байналмилалии муҳоҷирон эълон намуд. 18 декабрро тамоми дунё чун рӯзи муҳоҷирон ҷашн мегиранд. Ва қобили зикр аст, ки дар ҳамин рӯз соли 1990 Ассамблея Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуда буд.
Иқтидори қувваи бузурги муҳоҷирати байналмилалӣ асосан дар мамлакатҳои пешрафтаи аз нигоҳи иқтисодӣ бештар мушоҳида мешавад, зеро аслан ҷойҳои кории сердаромадро дар давлатҳои тараққикарда дидан мумкин аст. Аксар давлатҳои пуриқтидори дунё ба хотири пур кардани ҷойҳои холии корие, ки аҳолии худи он кишварҳо аз маоши пешниҳоднамудаи корфармо розӣ нестанд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз доранд. Ҳамчунин, ба истилоҳ пиршавии аҳолӣ ё худ ба синни нафақа расидани бештари коргарон дар аксари давлатҳо боиси пайдо шудани зарурат ба қувваи кориро ба миён меорад. Ва то андозае, ки сатҳи маълумотнокии насли ҷавон боло меравад, теъдоди ками онҳо барои иҷрои корҳои вазнини ҷисмонӣ ва каммаош розӣ мешаванд.
Эҳтимоли дигари рӯ ба муҳоҷират овардани одамон ва афзоиши муҳоҷиратро коршиносон дар камбудии маош ё болоравии сатҳи бекорӣ миёни аҳолӣ дар кишварҳои пешрафта медонанд. Албатта, пастшавии сатҳи иқтисодӣ ва авҷ гирифтани мавҷи қашшоқию камбизоатӣ низ боиси дигари муҳоҷирати бештари давлатҳо гардидааст.