Масъулияти оростани арчаи имсолаи солинавӣ бар зиммаи Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» вогузор шуда буд. Он бо ҳашамату зебогияш аз солҳои қаблӣ фарқ мекунад.
Ҳоло дар ҳар гӯшаю канори пойтахт арчаҳои солинавӣ гузошта мешаванд, аз ҷумла дар назди Сирки тоҷик ва маҳаллаи маъруф ба Профсоюзнии пойтахт майдончаи махсуси идона бо арчаҳои зебо хотири тамошобинонро болида мегардонанд.