Китоб аз сӯи нависандаи қазоқ Лаззат Ракишева ва нависандаи украин Ирина Агапеева навишта шудааст.
Ташкилкунандаи чорабинӣ Дина Смаилова, роҳбари ҳаракати "ХомӯшНабош.kz", ки занони хушунатдидаро муттаҳид мекунад, мегӯяд, дар китоб сарнавишти як зани рустоие аз шарқи Қазоқистон нақл мешавад, ки дар хурдсолӣ хушунати ҷинсӣ дидааст.
"Амалан то 30-солагӣ ин зан аз як мушкил ба мушкили дигар мепечад ва ҳар бор қоматашро рост карда, ба истиқболи сарнавишт меравад. Баъди ин ҳама азиятҳо чӣ гуна мешавад хушбахтӣ ба даст овард, метавонед аз китоб маълумот бигиред", - мегӯяд ташкилкунандаи чорабинӣ.
Даромад аз ҳисоби фурӯши китобро муаллифон ният доранд, барои кўмак ба занони хушунатдида сарф кунанд.