Дар доираи ин чорабинӣ аз аз рӯи се наминатсия «Ношири беҳтарин», «Таблиғгари беҳтарин» ва «Муаллифи сермаҳсули сол» озмун гузаронида шуд. Бону Гулчеҳра Муҳаммадиева нависандаи хушбаён ғолиби озмуни «Муаллифи сермаҳсули сол» эълон гардид.
Гулчеҳра Муҳаммадиева бо эҷоди асарҳои пандомӯзу андешапарвари худ «Як шаб…», « Қасоси зан», «Бӯи модар», «Бонувони Фархор», «Чордодарон», «Мунтахаби осор»,« Навҳаи асп», «Ору ва шоҳпарак», « Сафинаи муҳаббат» миёни хонандагон маҳбубият дорад. Нависандаи пуркору масъулиятшинос барои тарбияи завқи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва садоқату муҳаббати самимӣ ба зиндагиву рӯзгори ҳамзамонон қаҳрамонони асарҳояшро дар талошу худсозӣ ба риштаи тасвир мекашад.
Танҳо дар соли 2017 рӯи чоп омадани се китоби тозаэҷоди «Ору ва шоҳпарак», «Сафинаи муҳаббат», «Афсонаи товус» аз самараи заҳмати пайваста ва маҳорати баланди нависандагии муаллиф дарак медиҳад. Китоби «Сафинаи муҳаббат», ки тоза бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид, аз ҷониби хонандагону алоқамандони адабиёт хуш пазируфта шуд.