Китоби мазкур дар нашриёти «Адиб» бо ороиш ва сифати хуб ба табъ расидааст. Муаллиф онро тӯҳфае ба Соли ҷавонон унвон кардааст. Дар он р ду қисса, сенздаҳ ҳикоя ва понздаҳ масалҳо, ки аз ҳаёту хулқу рафтори ибратомӯзи ҷавонон қисса мекунад, ҷамъ оварда шудааст.
Гулчеҳра бо офаридаҳояш мехоҳад дар замири дили ҷавонон тухми меҳру муҳаббат нисбат ба меҳан, волидайн, тарғиби ахлоқи ҳамида, худогоҳу худшинос будан ва ба оянда назари нек доштанро корад.
Дар «Сафинаи муҳаббат» симои зан-модар хеле дилкаш, самимӣ ва бо меҳру муҳаббати модарона барҷаста шудааст.
Дар ҳикояи «Гули лола» омадааст:
«…Модарам зебоиро дӯст медошт ва гулпарвар буд. Бо гулҳо чун бо фарзанд меҳрубонӣ карда, бо онҳо ҳарф мезад ва ҳар рӯз гулҳои назди тирезаро ҷойгардон мекард. Бо шукуфтани ҳар муғча чашмони осмонранги софу беғубораш аз хурсандӣ барқ мезаданд. Агар ҳамсояҳо келин фуроранд, як даста гули зебо чида, ба таги чодар дароварда, ба навхонадорон таманно менамуд:
– Ҳаётатон чун гул зебо, зиндагиатон ботароват, муҳаббататон ҳамеша нафосати гулро дошта бошад ва касе ба хонаатон қадам ниҳад, аз накҳати гул маст гардад.
Ба гаҳворабандон низ як даста гул мебурду гаҳвораи тифлро бо онҳо оро медод ва таъкид мекард, ки «Тифл чашм кушода аввал зебоиро эҳсос кунад, ҳамеша зебоипараст гардад».
Дар маросими мотам модар, албатта, гул мебурд ва тобутро бо гул оро дода, «Маит бояд ба хонаи охираташ хушбӯй равад» мегуфт…»
Дар қиссаи «Шӯрдоман», ҳикояҳои «Баҳори дил», «Гиреҳҳои зиндагӣ», «Қисмат» симои ҷавонон хеле хуб ба қалам дода шудааст.
Дар қиссаи «Шӯрдоман» нависанда тавонистааст расму оинҳои нодаркор аз қабили қалин гирифтану туйҳои бодабдаба барпо карданро нозукона зери танқид гирад. Қаҳрамонҳои қисса Санавбар ва Содиқ бо сабаби он, ки дар туйи онҳо падари домод қарзи зиёд мегирад, баъди ду ҳафтаи ҳамхонагӣ Содиқ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати ҳамсоя меравад. Мушкилиҳои Содиқ дар мардикорӣ дур аз Ватан ва азобҳои Санавбар дар хонаи хусуру хушдоман оғоз мегардад. Ҳар гоҳе Санавбар сари дастархон менишаст, ба ӯ бо ситеза аҳли хонавода нигариста: «аз пушти туйи ту бачаи мо сарсону саргардон дар ғарибиҳо гашта истодааст»-гуфта пичинг мезаданд…
Намунае аз китоби «Сафинаи муҳаббат»
МУСИЧА
Дар таги долони зан мусичае лона гузошта буд.
Рӯзе соҳибхона чирик-чирики форами чӯҷаҳои мусичаро шунида, ба лонаи онҳо назар кард. Се мусича беқаророна овоз бароварда, бо даҳони боз модарашонро интизорӣ мекашиданд.
Мусича дар минқораш анвои гуногуни ғизоро меоварду чӯҷаҳояшро сер мекард. Ин ҳолат се-чор рӯз давом кард.
Соҳибхона ҳар субҳидам аз хоб мехесту қабл аз оғози корҳои хона ба лонаи мусича назар карда аз рафтори онҳо ҳаловат мебурд. Рӯзе дид, ки мусича бо болҳояш чӯҷачаашро аз лона берун кардан мехоҳад. Чӯҷаи бечора парвоз карда наметавонад, аммо модар ӯро тела медод.
Зан аз ин рафтори мусича дар ҳайрат афтод. «Наход парандагон нисбати фарзанди худ чунин бераҳмиро раво бинанд? Чаро? Чаро ӯ фарзандашро озор медиҳад? Охир, бечора чӯҷа ҳозир аз лона ба замин афтода мемирад»,- аз дил мегузарононд соҳибхона.
Мусича бори дигар чӯҷачаашро аз лона берун тела дод. Чӯҷаи хурдакак ба замин сарозер шуд. Аз тарс овоз мебароварду пару болҳояшро меафшонд, ба замин нарасида парвоз кард.
Ҳамин тавр, баъди чанд рӯз мусичаҳо парвозӣ шуда, лонаро тарк карданд.
Зан дар банди андеша афтод: «Ин мусича ба ман сабақи зиндагӣ омӯхт. Мо, фарзандони Одам, пайваста кӯшиш мекунем, ки фарзандонамон аз канорамон дур набошанд. Мустақилияташонро маҳдуд месозем, аммо мусича ба фарзандонаш парвоз кардан, озодона болу пар заданро меомӯзад. Ана, ин аст модар будан ва фарзандро тарбият кардан!».