Дар даври ҷамъбастӣ, ки дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев баргузор гардид, Рустамова Омина ҳамчун хонандаи фаъоли Китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнӣ соҳиби Дипломи дараҷаи 2-юм гардид. Ҳамчунин номбурда барои иштироки фаъолона ва ғолибият дар бахши “Хонандаи беҳтарин” дар Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” бо мукофоти пулӣ сарфароз гардид.