Тибқи омор аз моҳи октябри соли 2016 то августи соли 2017 ба 2 Маркази буҳронии вилояти Хатлон 945 нафар бо далели хушунату зӯроварӣ дар оила муроҷиат кардаанд. Ба 671 ҷабрдида аз тарафи ҳуқуқшиносони марказҳои буҳронӣ ёрии ҳуқуқӣ расонида шуда, хулосабарории 90 парвандаҳои судӣ бар манфиати ҷабрдидаҳо анҷом ёфтааст.
Зимни ҳамоиш қайд гардид, ки дар ин давра дар паногоҳи назди Маркази буҳронӣ - «Ғамхорӣ» 24 ҷабрдида бо 18 нафар кӯдак ҷойгир карда шудаанд.
Аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои намояндагони милитсия, кормандони тиб, кормандони иҷтимоӣ, муаллимон, кормандони дин, ҷамоатҳо, раисони маҳалла оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила давраҳои омӯзишӣ гузаронида шудааст.