Воқеан, Шамсиддин Шоҳин аз зумраи ноҳияиҳои баландкӯҳу зебоманзари Тоҷикистон аст, ки бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбаафлоку осмонбӯс, обу чашмаҳои зулолу мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва нигораву ёдгориҳои беназири худ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Алихон Зарифӣ бо истифода аз таҷрибаи бои рӯзноманигории худ тавонистааст ин ҳамаро ба риштаи тасвир бикашад ва барои хонандаи худ як маводи хонданиеро таҳия намояд.
Муаллиф дар ибтидо аз дастовардҳои мардуми ин диёр дар тӯли 26 соли истиқлолият ёдрас шуда, аз пешравиҳои чашмрас дар соҳаҳои иҷтимоиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва бахшҳои дигари хоҷагии халқи ноҳия маълумоти муҳимеро пешниҳод намудааст.
Дар қисмати баъдӣ, дар бораи як зумра ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои муқаддаси ноҳия маълумотҳои ҷолиб ва хонданиеро пешниҳод кардааст. Албатта, ин ин ибтикороти нигоранда дар роҳи худшиносӣ ва худомӯзии насли наврас, хоса дӯстдорони таъриху фарҳанги диёр, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Қисмати аз ҳама хондании ин китобро муаллиф «Ҳикояти чашмаҳо» ном ниҳодааст. Ин қисмат ба обҳои зулоли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида шудааст, ки воқеан, хеле ҷолибу хонданист. Бахши мазкур бо чунин суханҳо оғоз гардидааст:
«Чашмаҳо зеботарин афсона, шевотарин суруд ва гӯётарин таронаҳои ин диёри биҳиштосоянд. Ҳар кадоме таърих, бунёд ва пайдоиши худро дорад. Сарнавишти чашмаҳо чун сарнавишти инсонҳост: сертаззод, рамзогин ва пур аз розу ниёз.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, бе муҳобо, ҳамчун сарзамини чашмасорон, макони обҳои поку зулол, ширину ҷонбахш ва дарёҳои кӯҳии тезҷараён шинохта шудааст.
Воқеан, ин диёр ҷои афсонаҳост. Ин ҷо ҳар чашмаю ҷӯйбор, ҳар рӯду обшор афсона дорад ва аз ҳама афсонаҳои шуниданӣ, ин афсонаҳои чашмасорон ва рӯдҳои равони бекароранд, ки сурудгуёну розгӯён мешитобанду мешитобанд...»
Дар ин қисмат муаллиф дар бораи чашмасорони ин диёр маълумотҳои ҷолиби диққатеро пешниҳод менамояд. Ӯ ҳар чашмаеро, ки дар борааш маълумот медиҳад, нахуст маънию мазмунашро кушода, вобаста ба ном унвони чашма ривоятеро меорад ва собит месозад, ки чаро мардум ба ин чашма чунин ном гузоштааст. Ҳар чашма худаш аз таърих, сарнавишт ва пайдоишаш ҳикоят мекунад.
Муаллиф дар ин китоб лавҳаҳои алоҳидаеро аз рӯзгори фарзандони фарзонаи ин диёр, Давлатманд Холов, Гулчеҳра Содиқова ва Нуриддин Маҳмудов таҳия намудааст, ки ин китобро боз ҳам шавқовару хонданитар гардонидааст.
Китоби «Диёри саргаҳи хуршед» як роҳнамои хубест, барои онҳое, ки орзӯи дидани ин диёри афсонавиро доранд. Диёреро, ки ба қавли муаллифи китоб: «...ин ҷо ҳар кӯҳу камар, ҳар дараю адир, ҳар дашту гулгашт, ҳар сангу харсанг, ҳар чашмаю ҷӯйбор, ҳар пудинаю гулхор ва рӯду обшор афсона дорад.»
Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз «Диёри саргаҳи хуршед» ба қалами Алихон Зарифӣ ҳамчунин китобҳои «Насими Терай», (1993) «Ҳамошёни уқобон», (2003) «Дар пайроҳаи ошно» (2006 ) «Марзи садоқат» (2007) ва «Марде аз канори Хоҷасартез» (2012) низ тааллуқ доранд.