- Дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати ба фурӯш баровардани моликияти коммуналӣ 23 музояда гузаронида шуд, ки 38 адад иншоот, 22 адад воситаи нақлиёт ва дигар намуди амволи давлатӣ, ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ фурӯхта шуданд, ки нисбати нишондоди соли гузашта 30,3 млн. кам мебошад, - қайд кард Қаҳҳорзода.
Дар маълумотномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки соли 2017 - 8 озмун оид ба иҷора додани 341 объекти давлатӣ ба маблағи 3,1 млн. сомонӣ баргузор гардидааст.