Бино ба гуфтаи ноиби аввал, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2017 ҳаҷми 24032,8 млн. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,0 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз камтар будааст. Рушди иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби бахшҳои саноат 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,4 ва гардиши савдои чакана 3,6 фоиз таъмин гардидааст.
Ҷамолдиддин Нуралиев қайд кард, ки бо сабаби фарсудашавии пулҳои қоғазӣ Бонки миллӣ тасмим гирифтааст, тангаҳои филизиро бештар ба муомилот барорад.