Дар маҷмуъ, дар шаш моҳи аввали соли 2017 дар театрҳои касбии кишвар 30 асари нав саҳнавӣ гардида, 15 намоиш дар театрҳои пойтахт ва 15 намоиш дар театрҳои музофотӣ рӯи саҳна оварда шудаанд.
Шамсиддин Орумбекзода гуфт: «Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақому фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри тахқими шмақому фалак шароити мусоид фароҳам меорад».