Ҳамчунин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт: «Довталабони гирифтани мақоми бекорӣ кам нестанд, аммо буҷет имконият намедиҳад, ки ҳамаро қабул кунему кумакпулӣ диҳем. Зеро ин барномаи сирф иҷтимоӣ аст ва бештар ба ҷавононе, ки аз хизмати Модар-Ватан ҷавоб дода шудаанд ва озодшудаҳо аз маҳбас бартарӣ дода мешавад».
Тибқи маълумоти вазорати мазкур то ҳол 5047 нафар аз кумакпулӣ барои бекорӣ бархӯрдор гардидаанд. Тибқи нақша теъдоди кумакгирандаҳо дар соли равон ба 6257 нафар мерасад.