Инчунин ӯ бо таассуф зикр кард, ки Хадамоти гумрук ду соли охир нақшаро иҷро накарда аст. А. Ғоиб доир ба маоши кормандони гумрук изҳор дошт: «Ба ҳисоби миёна маоши лейтинанти ҷавон, ки нав корро оғоз намудааст, то 800 сомонӣ буда, ҳангоми иҷрои нақша кормандон ҳақ доранд, ки як маоши дигар ҳамчун мукофотпулӣ бигиранд».
Роҷеъ ба қабул кардани шаҳрвандон бо ҷои кор дар ин ниҳод мавсуф чунин шарҳ дод: «Аллакай маротибаи дувум аст, ки ба кор тариқи озмун қабул мекунем. Маротибаи дувум барои 39 ҷой зиёда аз 800 нафар ҳуҷҷат супорид. Мо ба нафароне бартарӣ медиҳем, ки аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиносанд ва таҷрибаи корӣ доранд, хизмати Модар- Ватанро адо карда бошанд ва забондон бошанд».