Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 6958 ҳолати вайрон кардани қонунгузории замин ошкор шуда, нисбати 6315 ҳолат дастуру супоришҳо дода шудааст. Аҳмадзода қайд намуд, ки: «Дар Кумита баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия масъалаи мазкур ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти он баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаанд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд».
Дар баробари ин ҳама Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.