Дар нишасти мазкур ироа гардид, ки дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби суди марҳилаи якум, касатсионӣ ва назоратӣ ҷамъан 1430 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 167 адад зиёд мебошад.
Қаландарзода Мавлуда гуфт, ки дар давоми нимсолаи соли 2017 аз ҷониби ширкатҳои хориҷи ҳамагӣ 11 адад парвандаҳо ба Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.