«Дар масъали Пешвои миллат ҳарчи гӯем ҳам кам аст. Аз гузшта набояд фаромӯш кунем, ки вазъ дар телевизиону матбуот чӣ тавр буд. Даҳ-бист сол муқаддам шароит хеле поин буд. Хушбахтона, имрӯз ҳама дастгоҳҳо муҳайё шуданд, ки бояд ба қадри ин ҳама ғамхориҳо бирасем»- ёдовар гардид Маҳмадсаид Шоҳиён. Кумита нақша дорад, ки дар бораи Пешвои миллат филми пурраи ҳозиразмонро ба навор гирад.
Инчунин ӯ таъкид намуд, ки: «Кумита ҳамчун дастгоҳи идеологии давлат бо риояи тавозуни барномаҳо дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон намоишҳояшро боз ҳам наву ҷолиб намуда, сифати хизматрасониро баланд мебардорад».