«Дар нимсолаи якуми соли 2017 донишгоҳ бо якчанд муассисаҳои олии ИДМ, аз ҷумла бо Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов ва Донишгоҳи «Нархоз»-и Қазоқистон шартномаи дуҷониба ба имзо расонидааст», – ёдовар гардид Ҳамидуллохон Фақеров.
Яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар соли 2017 ин ба хориҷи кишвар ба омӯзишу таҷриба сафарбар гардидани 10 нафар мебошад, ки онҳо феълан дар Итолиё, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва Беларус таҳсил доранд.