Насим Олимзода бо суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта, дар бораи нархи дастрас ёдовар гардид. Ӯ қайд намуд: «Бо мақсади барқарорсозии саломатии кӯдакони маъюб дар машваратгоҳҳои психологӣ-тиббӣ-педагогии вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе 1822 нафар кӯдакони маъюб аз муоинаи тиббию иҷтимоии мутахассисон гузаронида шуда, бо барномаҳои тавонбахшӣ фаро гирифта шудаанд».