Инчунин қайд гардид, ки сол аз сол саволҳои Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба донишкадаю донишгоҳҳо мушкилтар хоҳанд шуд. Агар солҳои пешин барои одат кардани довталабон ба низоми нави дохилшавӣ саволҳои нисбатан осон пешниҳод карда мешуданд, имсол саволҳо дар асоси барномаҳои таълимии мактаби миёна мушкилтар карда мешаванд, то мактаббачаҳо барои ворид шудан ба мактабҳои олӣ бештар кӯшиш кунанду боз ҳам бештар китоб хонанд, - иброз намуд вазир.
Ба гуфти вазир, аз соли оянда навиштани эссе роҳандозӣ мегардад, ки онро ба ғайр аз хатмакардагони мактабҳои русӣ, дигар ақаллиятҳои ҷумҳурӣ бояд бо забони давлатӣ нависанд.
Инчунин ӯ қайд кард, ки дар оянда дар назар аст, ки дохилшавӣ ба мактабҳои олии хориҷ аз ҷумҳурӣ ва баргузории олимпиадаҳои фаннӣ тариқи Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ карда шаванд.