Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввал кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 39 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 467 саҳифа пешниҳод намуданд.
Дар нимсолаи аввал роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар саҳми фаъол доштанд. Онҳо дар гурӯҳҳои тарғиботӣ доир ба фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, Восеъ, Данғара, Ёвон, Мурғоб, Норак, Роштқалъа, Ҷаббор Расулов, Рашт, Рӯдакӣ, Файзобод, Қӯрғонтеппа, Қубодиён, Ховалинг, Сайи Алии Ҳамадонӣ, Шуғнон ва дар маҷмӯъ дар 18 шаҳру ноҳия суҳбатҳои пурмазмун гузарониданд.